“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?

Дирӯз, 17 апрел дар доираи ҷашнвораи “Парасту-2025” намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин”, “Келини ҷойдорӣ” ва “Саргузашти Хоҷа Насриддин ва Иванушка” манзури бинандагони театр гардиданд. Онҳо аз чӣ қисса карданд ва ба бинанда чӣ паём доштанд? Намоишномаи “Ахтаре дар Хатлонзамин” аз ҷониби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба саҳна гузошта шуд. Он бар пояи […]

Дирӯз, 17 апрел дар доираи ҷашнвораи “Парасту-2025” намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин”, “Келини ҷойдорӣ” ва “Саргузашти Хоҷа Насриддин ва Иванушка” манзури бинандагони театр гардиданд. Онҳо аз чӣ қисса карданд ва ба бинанда чӣ паём доштанд?

Намоишномаи “Ахтаре дар Хатлонзамин” аз ҷониби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба саҳна гузошта шуд. Он бар пояи асари Сафармуҳаммад Аюбӣ таҳия шуда, ба бузургдошти файласуф, ориф, шоир ва мутафаккири форс-тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида шудааст.

Ин намоиши саҳнавӣ бо коргардонии Раҳмоналӣ Одиназода рӯйи саҳна омад. Намоишнома аз он оғоз гардид, ки Темурланг ба Алии Ҳамадонӣ косахонаи сареро нишон дода, барои озмоиши ӯ, фармуд, ба кӣ тааллуқ доштани онро муайян кунад. Ҳамадонӣ сарбаландона аз ин “имтиҳон” мегузарад ва Темурлангро ҳаваси дар даргоҳи худ доштани чунин донишвар пайдо мешавад. Аммо Ҳамадонӣ ин пешниҳоди Темурро рад карда, ба Хатлонзамин меравад. Мардум, ки аз заковату бузургии ӯ бархурдор буданд, бо нидои “Мири мо омад” ӯро пешвоз мегиранд.

Аммо Амир Темур аз рӯйи хашм мехоҳад бо ҳар роҳе ӯро бикӯшад. Бо ин мақсад зархаридеро бо лисоби дарвешӣ ба деҳи ӯ мефиристад. Қисса чунин идома меёбад, ки теғи ҷонкуш на ба Ҳамадонӣ, балки ба марди дигаре мехалад. Баъди чунин ранг гирифтани ҳодиса Ҳамадонӣ сарбаландона ба пойи худ пеши Темурланг меравад. Темур ӯро билохира ба қатл мерасонад. Намоишнома бо баровардани тобути Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба анҷом расид.

Байни қисматҳои намоишнома истифода шудани таронаҳои классикии тоҷикона ва унсурҳои миллӣ, чун либосу ороиш ба намоиш кайфият ҳадя намуд.

Намоишномаи дигаре, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба саҳна гузошта шуд, сирф мазҳакавӣ буда, аз моҷарои оилавие сари зангирии писари хурдии хонадон оғоз гардид.

Модари хонадон, ки ду келини дигараш соҳиби маълумоти олӣ ва дипломи донишгоҳ буданд, мехоҳад ба писари хурдиаш деҳқондухтари меҳнатии “нофи заминро канда мегирифтагӣ”-ро арӯс карда орад.

Бо пофишории модари хонадон Меҳрӣ ном духтареро аз деҳаи Деҳқонобод арӯсӣ мекунанд. Аммо алакай баъди шаби аввал моҷаро оғоз мегардад ва писар бо ин арӯси беназокату “бемаданият” зистан нахоста, аз хона баромада меравад.

Аммо хушдоман барои пош нахӯрдани оилаи писараш талош мекунад, ки худ ба арӯси хонадон рафтору гуфтори накӯро омӯзад ва дар ин роҳ муваффақ ҳам мешавад. Дар охир писар ба Меҳрӣ дил мебандад ва намоиш бо мадорои зану шавҳар ба анҷом мерасад.

Намоишнома моломоли ҳаҷв буда, кӯшиш шудааст, дар ҳар як ҷузъиёти кӯчак низ аз ҳаҷв кор гирифта шавад.

Коргардони намоиши “Келини ҷойдорӣ” Суҳроб Шехов буда, Сурайё Хоҷазода нақши асосӣ – Меҳриро хеле самимӣ офаридааст.

Бояд гуфт, давоми рӯз дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Саргузашти Хоҷа Насриддин ва Иванушка” барои кӯдакон ба саҳнга гузошта шуд. Намоишнома бо коргардонии  Н. Аҳмадӣ аз ҷониби ҳунармандони театри давлатии лӯхтаки ба номи А. Мақсудии шаҳри Бӯстон офарида шудааст.

Ин намоишномаи ҷолиби театрӣ буда, бар асоси қаҳрамонҳои фолклории анъанаҳои шарқ таҳия шудааст.

Бояд гуфт, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2025” рӯзи 14-уми апрел оғоз шуд ва то 21-уми апрел давом мекунад.

Дар бораи он ки боз кадом намоишнома кай, дар куҷо ва аз ҷониби кадом театр ба намоиш гузошта мешавад, дар ин матлаби мо мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.