Ҷавонони тоҷик барои ҳукумат ва СММ муроҷиатнома таҳия мекунанд

Имрӯз, 30-юми октябр, дар Душанбе Конфронси миллии ҷавонон оид ба иқлим (LCOY) оғоз ёфт. Дар конфронс бештар аз 100 ҷавони касбу кори гуногун аз саросари Тоҷикистон ҷамъ омада, пешниҳоди худро барои ҳалли таъсири манфии тағйирёбии иқлим таҳия мекунанд, ки дар ниҳоят чун “Изҳороти миллии ҷавонон” ба ҳукумати кишвар ва Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим […]

Нозанинбону Исматшоҳ, Asia-Plus

Имрӯз, 30-юми октябр, дар Душанбе Конфронси миллии ҷавонон оид ба иқлим (LCOY) оғоз ёфт. Дар конфронс бештар аз 100 ҷавони касбу кори гуногун аз саросари Тоҷикистон ҷамъ омада, пешниҳоди худро барои ҳалли таъсири манфии тағйирёбии иқлим таҳия мекунанд, ки дар ниҳоят чун “Изҳороти миллии ҷавонон” ба ҳукумати кишвар ва Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР UNFCCC) фиристода мешавад.

Дар чорабинии мазкур Парвати Рамасвами, ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон ва масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон иштирок доштанд. Мутахассисони самти иқлим дар бораи вазъи тағйирёбии иқлим ва тасъсири он ба Тоҷикистон рӯнамоӣ карданд.

Орзу Одинаев, мушовири ЮНИСЕФ дар рӯнамоӣ худ гуфт, ки дар Тоҷикистон 2,5 млн кӯдакии то 18-сола ба гармои шадиди имрӯза осепазир ҳастанд. Маҳз барои ҳамин кор бо ҷавонон ва кӯдакон дар самти тағйирёбии иқлим муҳим аст.

 

Зимни ин чорабинӣ ҷавонони тоҷик якҷо бо мутахассисон дар 10 самти марбут ба иқлим пешниҳод ва ғояҳои худро барои кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим барасӣ мекунанд.

Конфронс ду рӯз давом мекунад ва дар рӯзи дуюм “Изҳорои миллии ҷавонон” бо роҳи овоздиҳӣ қабул гардида, ба мақомоти дахлдор ва Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР UNFCCC) фиристода мешавад.

 

Дар доираи ин конфронс рӯзи 31-уми октябр дар боғи меҳмонхонаи “Серена-Душанбе” “Намоишгоҳи сабз” баргузор мегардад, ки дар он ширкатҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷамъиятӣ ташаббусҳои “сабз”, маҳсулотҳои экологӣ, лоиҳаҳои иқлимӣ ва  имконоти корӣ ва таҳсил барои ҷавононро дар ин самт муаррифӣ мекунанд.

Намоиш аз соати 9:00 то 17:00 давом карда, даромад озод аст.

Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР UNFCCC) моҳи ноябри соли 2025 дар Бразилия баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.