Масъулияти таркиш дар назди сафорати Русия дар Кобулро “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт

Гурӯҳи ҷангиёни “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар шабакаи Telegram-и худ изҳор намуданд, ки дар таркиши назди сафорати Русия дар Кобул онҳо даст доранд. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад. Созмони террористии “Давлати исломӣ” сурати шахси маргталабро, ки ин амали террористиро анҷом дод, нашр кард. Дар изҳороти гурӯҳ гуфта мешавад, ҷангии онҳо “камарбанди маргталабро дар маҷлисе […]

Asia-Plus

Гурӯҳи ҷангиёни “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар шабакаи Telegram-и худ изҳор намуданд, ки дар таркиши назди сафорати Русия дар Кобул онҳо даст доранд. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад.

Созмони террористии “Давлати исломӣ” сурати шахси маргталабро, ки ин амали террористиро анҷом дод, нашр кард.

Дар изҳороти гурӯҳ гуфта мешавад, ҷангии онҳо “камарбанди маргталабро дар маҷлисе назди сафорат, ки дар он кормандони Русия ҳузур доштанд, тарконидааст”.

Ёдрас мекунем, ки 5 сентябр назди даромадгоҳ ба шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Кобул як ҷангии номаълум дастгоҳи таркандаро ба кор даровард, ки дар натиҷа 6 нафар, аз ҷумла ду дипломати русиягӣ ва 4 толиб ҳалоку 10 каси дигар осеб диданд.

Хадамоти амнияти “Толибон” уҳдадор шуданд, ки барои таъмини амнияти сафорат тадбирҳои бештари ҷиддӣ рӯйи даст мегиранд.

Мақомоти пулис хабар додаанд, ки ҳамлагар замони наздик шудан ба дарвоза аз ҷониби посбонони мусаллаҳ парронида шудааст. Ин яке аз нахустин чунин ҳамлаҳо аз замони сари ҳокимият омадани толибон дар соли гузашта мебошад.

Дар Кремл ҳалокати кормандони сафоратро дар Кобул амали террористӣ унвон кардаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.