Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ДОИШ* бо истифода аз холигиҳои амниятии ҳукумати Толибон* қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар дохили Афғонистонро дорад. Дар баёнияе, ки ин ҷабҳа рӯзи 17-уми август нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ДОИШ* “дар ҳоли тарроҳии як дасисаи хатарнок алайҳи марказҳои дипломатии ва намояндагиҳои кишварҳои минтақа дар Афғонистон аст”. Ҷабҳаи муқовимат […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ДОИШ* бо истифода аз холигиҳои амниятии ҳукумати Толибон* қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар дохили Афғонистонро дорад.

Дар баёнияе, ки ин ҷабҳа рӯзи 17-уми август нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ДОИШ* “дар ҳоли тарроҳии як дасисаи хатарнок алайҳи марказҳои дипломатии ва намояндагиҳои кишварҳои минтақа дар Афғонистон аст”.

Ҷабҳаи муқовимат бо такя ба манбаъҳои истихборотии худ иддао кардааст, ки аз ҷумла сафорати Русия дар Кобулро мушаххас ҳамлаи ДОИШ* таҳдид мекунад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷабҳа шоҳид ва далелҳои ба даст омадаро ба пойтахти кишварҳои марказҳи дипломатиашон дар хатар ба таври расмӣ пешниҳод кардааст.

“Ин гурӯҳи террористӣ на танҳо дар талошанд, то муносибатҳои таърихии мардуми Афғонистон бо ҳамсояҳояшро вайрон кунанд, балки бо саҳнасозиҳои дурӯғин қасд доранд нерӯҳои зидди Толибонро бадном карда, ба равобити мардуми Афғонистон бо минтақа ва ҷаҳон осеб бирасонанд”, – омадааст дар баёния.

Ҷабҳаи муқовимат аз ниҳодҳои байналмиллалӣ хостааст, ки аз ин ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кунанд.

“Азия-Плюс” ин иддаои Ҷабҳаи муқовиматро мустақилона тавассути манобеи дигар таъйид ё рад карда наметавонад.

Ёдрас мешавем, ки сентябри соли 2022 дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобул таркиши шадид рух дода, дар натиҷа 18 нафар аз ҷумла 2 корманди ин сафорат кушта шуданд.

Расонаҳои афғонистонӣ бо такя ба манбахҳои худ гуфта буданд, ки “ҳадафи аслии таркиш бахши консулии сафорати Русия дар Кобул” будааст.

Пас аз ин ҳодиса ДОИШ масъулияи ин ҳамларо ба дӯш гирифт ва акси нафареро, ки ин амали террористиро анҷом дода буд, нашр кард. 

Дар изҳороти ин гурӯҳи террористӣ гуфта шуда буд, ки ҷангии онҳо “камарбанди маргталабро дар маҷлисе назди сафорат, ки дар он кормандони Русия ҳузур доштанд, тарконидааст”.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.