“Толибон” истифодаи телефонро ба кормандони давлатӣ манъ карданд

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари олии “Толибон” дастур додааст, ки истифода аз телефонҳои ҳушманд ба кормандони идороти давлатӣ мамнӯъ ва аз он ҷилавгирӣ шавад. Вазорати маорифи Афғонистон дар мактубе ба шӯъбаву раёсатҳояш дастур додааст, ки ин фармонро иҷро кунанд. Дар ин бора пойгоҳи таҳлилӣ-хабарии IRAF иттилоъ медиҳад. Дар мактуби раёсати маорифи вилояти Фароҳ, ки 18-уми сентябр расонаӣ […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари олии “Толибон” дастур додааст, ки истифода аз телефонҳои ҳушманд ба кормандони идороти давлатӣ мамнӯъ ва аз он ҷилавгирӣ шавад. Вазорати маорифи Афғонистон дар мактубе ба шӯъбаву раёсатҳояш дастур додааст, ки ин фармонро иҷро кунанд. Дар ин бора пойгоҳи таҳлилӣ-хабарии IRAF иттилоъ медиҳад.

Дар мактуби раёсати маорифи вилояти Фароҳ, ки 18-уми сентябр расонаӣ шуд, омадааст, ки аз рӯйи дастури роҳбари Толибон истифодаи телефони ҳушмандро дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар шуъбаҳои маориф ва мактабҳо манъ мекунад.

Дар мактуб гуфта шудааст, ки агар омӯзгорон ё кормандони соҳаи маориф аз телефонҳои ҳушманд истифода кунанд, масъулияти минбаъда ба дӯши роҳбари шуъба ё муассиса аст.

Гуфта мешавад, ки омили аз ҷониби роҳбари “Толибон” роҳандозӣ гардидани ин дастур ифшои аксу наворҳо аз идороти давлатӣ, ки баъдан баҳси зиёдро дар шабкаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меорад.

Ин мамнуият дар ҳолест, ки “Толибон” қаблан истифодаи телефонҳои ҳушмандро дар муассисаҳои низомии худ манъ карда буданд. Бар асоси гузоришҳо, пас аз ҷорӣ шудани ин дастур “Толибон” садҳо телефони сарбозони худро, ки пинҳонӣ истифода мекарданд, ҷамъ оварданд.

Дар хусуси он ки оё истифодаи телефони ҳушманд дар идороти худи “Толибон” низ мамнуъ аст, иттилоъ мавҷуд нест.

Бо ба сари қудрат омадани “Толибон” як қатор маҳдудиятҳо дар ин кишвар ҷорӣ гардид, ки аксари онҳо ба ҳуқуқи духтарону занон рабт дорад. Аз ҷумла, онҳо таҳсили духтарон дар мактабу донишгоҳҳо, садои занҳо дар расонащо, кӯчаву бозор, инчунин, сайругашти онҳо дар кӯчаҳо ва ғайраро манъ карданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.