«Созандагони Ватан» ҷавонони ВМКБ-ро бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин мекунад

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба роҳандозии як силсила иқдомоти таъмини ҷамъиятҳои варзишии шаҳру навоҳии ВМКБ бо таҷҳизоти варзишӣ шурӯъ кард. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки ин иқдомот ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ […]

Аваз Юлдошев


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба роҳандозии як силсила иқдомоти таъмини ҷамъиятҳои варзишии шаҳру навоҳии ВМКБ бо таҷҳизоти варзишӣ шурӯъ кард.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов дар ин робита изҳор кард, ки ин иқдомот ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ (24-уми ноябр) сурат гирифта, чанде қабл чунин чорабинӣ дар ноҳияи Ванҷ доир гардид.

Ба қавли номбурда, рӯзи 22-юми ноябр дар шаҳри Хоруғ маросими тақдими таҷҳизоти варзишӣ ба ҷавонони Бадахшон ва конфронси вилоятии ҷавонон баргузор мешавад.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 175 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.