Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои адлияи Тоҷикистону Беларус

Чанде қабл мулоқоти вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев бо вазири адлияи Беларус Олег Слижевский доир гардид. Бино ба маълумоти департамерти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки ҷонибҳо ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ тибқи меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти махсус дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мутақобилан […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев бо вазири адлияи Беларус Олег Слижевский доир гардид.

Бино ба маълумоти департамерти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки ҷонибҳо ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ тибқи меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти махсус дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мутақобилан судманд мароқ зоҳир менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи адлия, рушди системаҳои ҳуқуқии иттилоотӣ, таъмини методии фаъолияти қонунгузорӣ, ташкили реестр ва бақайдгирии санадҳо дар мақомот ва муассисаҳои адлияи ду ҷониб, ташкили ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳо ба мувофиқа расиданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар охири мулоқот Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.