Ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо фаъолияти ҳокимияти маҳалли шаҳри Норак ошно мегардад

Душанбе. 29-уми октябр – Дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ 28 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорони онро бо фаъолияти Мақоми Олии қонунбарори Тоҷикистон шинос […]

АМИТ «Ховар»


Душанбе. 29-уми октябр – Дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ 28 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ баргузор гардид.




Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорони онро бо фаъолияти Мақоми Олии қонунбарори Тоҷикистон шинос намуд.



Муовини Раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ Сафаралӣ Раҷабов роҷеъ ба ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сухан карда, гуфт ки сохтори байнипарлумонӣ дар роҳи наздик сохтани қонунгузории миллӣ ва таҳквияти ҳамкории байнипарлумонӣ беш аз пеш фаъолияташро густариш медиҳад.



Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳо ҳангоми омода сохтани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз қонунҳои модулӣ васеъ истифода мебарад. Ва дар ин замина палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуҷҷатҳои тавсиядиҳандаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ як қатор қонунҳои барои Тоҷикистон муҳимро қабул кардааст.



Дар ҷаласа намояндагони Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ атрофи масъалаҳои сохтори давлатӣ, худидораи маҳаллӣ, тақвияти ҳамкориҳои байнипарулмонӣ дар доираи Ассамблея ибрози назар карданд. Онҳо аз осорхона, китобхона ва толорҳои маҷлисгоҳи парлумони Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос гардиданд.



Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти ҳокимияти маҳаллии ин шаҳр ошно мегарданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.