Мусодираи миқдори зиёди маводи тарфгарӣ

Кормандони мақомоти интизомии ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро мусодира намуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ду нафар хонандагони мактаби таҳсилоти умумии №79-и пойтахт боздошт шудаанд. Ҳангоми кофтуков аз онҳо 90 ҳазору 480-дона маводи «хлопушка» дарёфт ва мусодира карда […]

ASIA-Plus


Кормандони мақомоти интизомии ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро мусодира намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ду нафар хонандагони мактаби таҳсилоти умумии №79-и пойтахт боздошт шудаанд. Ҳангоми кофтуков аз онҳо 90 ҳазору 480-дона маводи «хлопушка» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Инчунин аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107» таҳти идораи ноболиғ боздошт карда шудааст. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур ба миқдори 28 ҳазору 800-дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт аз маркази тиҷоратии «Мармариён» сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардида, ҳангоми кофтуков аз ӯ 2500-дона маводи «хлопушка» дарёфт ва мусодира карда шуд. Ин ҳодисаҳо мавриди санҷиш қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.