Барқияҳои Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои Қазоқистону ИМА

Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки феълан бо сафари расмӣ дар Туркия қарор дорад, ба муносибати фаро расидани Рӯзи истиқлолияти Қазоқистон ба унвони сарвари ин кишвар Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия таъкид мешавад, ки Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаи анъанавии миёни мамлакат ва халқҳои ду кишварро […]

ASIA-Plus


Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки феълан бо сафари расмӣ дар Туркия қарор дорад, ба муносибати фаро расидани Рӯзи истиқлолияти Қазоқистон ба унвони сарвари ин кишвар Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия таъкид мешавад, ки Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаи анъанавии миёни мамлакат ва халқҳои ду кишварро қадр карда, барои таҳкиму густариши онҳо тамоми имконотро истифода хоҳад намуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама дар робита ба дар мактаби Сендихуки иёлоти Коннектикут аз дасти як ҷинояткори нохалаф ба ҳалокат расидани бисту ҳафт нафар мактаббачагон барқияи таъзия ирсол кард.

«Ин хабари мудҳиш бори дигар собит сохт, ки тамоми аҳли башар бояд дастиҳам гирифта, бо ҳар гуна зуҳуроти зӯроварӣ ва таҷовуз ба ҳуқуқи инсон, ки зимни он ҳуқуқ ба ҳаёт аз муҳимтарин рукнҳои он аст, муборизаи беамон барад», – зикр мегардад дар барқия.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.