Суғд: Боздошти гумонбар ба қатли табиб

Date:


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гумонбар ба қатли табиби бемориҳои занона боздошт шуд. Ин ҷиноят ҳанӯз фасли баҳор содир гардида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, 17 апрели соли равон тахминан соатҳои 23:30 дақиқа Муҳаббат Мирзоеваи 55-сола, табиб, сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов дар манзили зисташ ба қатл расонида шуда, пас аз ин афроди номаълум аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 25-солаи ҷамоати Оқтеппаи ноҳияи Спитамен А.Р. боздошт шудааст. «Маводи мавҷуда оид ба ин далел ба парвандаи қаблан бозшуда аз 18-уми апрели соли равон тибқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) илова шуда, тафтишот идома дорад», – гуфтанд дар раёсат.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...