Гумонбарии сармуфаттиши ШВКД-и Қубодиён ба қаллобӣ

Сармуфаттиши Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи вилояти Хатлон хабар дод, як зан, сокини ноҳияи мазкур ба Раёсати Агентӣ муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки сармуфаттиши ШВКД-и ноҳияи Қубодиён Қурбонхол Ганҷалов […]

Сайраҳмон Назриев


Сармуфаттиши Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсияи вилояти Хатлон хабар дод, як зан, сокини ноҳияи мазкур ба Раёсати Агентӣ муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки сармуфаттиши ШВКД-и ноҳияи Қубодиён Қурбонхол Ганҷалов барои қатъ кардани парвандаи ҷиноии писараш, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

«Кормандони раёсат Ганҷаловро пас аз гирифтани 1 ҳазор доллари ИМА бо далели шайъӣ дар ҳуҷраи кориаш боздошт карданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба Қ.Ганҷалов мутобиқи моддаҳои 247, қ. 4 (Қаллобӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.