С.Миронов ва М.Убайдуллоев оид ба назорати иҷрои қарорҳои анҷумани саввуми байнипарлумонӣ тавофуқ ҳосил карданд

            Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи чорабиниҳои Анҷумани саввуми байнипарлумонии «Русияву Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ» имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов баргузор гардид.             Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи чорабиниҳои Анҷумани саввуми байнипарлумонии «Русияву Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ» имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов баргузор гардид.





           

Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо зикр карданд, ки мебояд минбаъд иҷрои қарорҳои анҷумани саввум таҳти назорат гирифта шуда, мониторинги қарорҳои амалигашта ҷорӣ гардад.




           

Дар анҷоми мулоқот раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов ба М.Убайдуллоев медали «15-солагии Шӯрои Федератсияи Русия»-ро супурд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.