Мусодираи миқдори зиёди маводи тарфгарӣ дар Хуҷанд

Date:


Дар бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд беш аз 31 ҳазор адад маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) мусодира карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳафтаи ахир дар қаламрави шаҳр зиёда аз 23 ҳазор маводи тарфгарӣ мусодира гардида, барои фурӯши ғайриқонунии он ду нафар сокинони ноболиғи шаҳри Хуҷанд боздошт ва аз онҳо беш аз 3 ҳазор адад маснӯоти тарфгарӣ (хлопушка) мусодира гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар фурӯши маснӯоти тарфгарӣ ҳамчунин боз як сокини ноблиғи шаҳр боздошт шуда, аз ӯ 12 ҳазор адад маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира гардидааст. «Дар шаҳри Истаравшан низ аз як соҳибкорзан 10 ҳазор адад маснӯоти тарфгарии гуногун мусодира гардид», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки соли 1997 бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ воридот, фурӯш ва истифодаи воситаҳои тарфгарӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...