Барқияи ҳамдардии Э.Раҳмон ба президенти Қазоқистон

Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймо ва бар асари он ба ҳалокат расидани низомиён ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла зикр мегардад: «Хабари фоҷиавии садамаи ҳавопаймои низомиву нақлиётие, ки дар назди Шимкент рух дод ва боиси ҳалокати хизматчиёни […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймо ва бар асари он ба ҳалокат расидани низомиён ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла зикр мегардад:

«Хабари фоҷиавии садамаи ҳавопаймои низомиву нақлиётие, ки дар назди Шимкент рух дод ва боиси ҳалокати хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гардид, маро сахт андӯҳгин намуд.

Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ мо ба дарди Шумо нисбати ин талафоти вазнин шарик ҳастем. Хоҳишмандам ҳамдардии самимии моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда изҳор намоед».

Дар суқути ҳавопаймо дар наздикии шаҳри Шимкент 27 нафар низомиёни нерӯҳои марзбонии Қазоқистон бо шумумли иҷрокунандаи вазифаи сардори нерӯҳои марзбонии Қазоқистон Турганбек Стамбеков фавтиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.