Сатторов: ТАЛКО аз қатъи интиқоли гази Ӯзбекистон ҳарос надорад

Date:


Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) аз қатъи интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ҳарос надорад.

Роҳбари департаменти иттилоотӣ-таҳлилии ширкати ТАЛКО Игор Сатторов дар ин робита мегӯяд, айни замон 90%-и талаботро корхона аз ҳисоби генераторҳо оид ба синтези газ аз ангишти маҳаллӣ бароварда месозад.

«Талаботи солонаи ширкат ба гази табиӣ 50 млн. метри мукаабро ташкил дода, то 45 млн. метри мукааби он дар ин дастгоҳҳо истеҳсол мешаванд», – гуфт вай.

Сатторов зикр кард, ки қисмати зиёди сӯзишвории синтезшуда ба истеҳсолот ва ҳаҷми боқимонда барои фароҳам сохтани шароити мусоид ба ҳайати шахсии корхона, аз ҷумла интиқоли гармӣ ба коргоҳҳо ва таъмини корхона бо оби гарм равона мегардад.

«Ҳанӯз соли 2009 бо назардошти камбуди гази табиӣ, мақомоти раҳбарии ширкат ба дасрас намудани генераторҳо оид ба синтези газ оғоз намуд, вале масъала ин тавр набуд, ки Ӯзбекистон метавонад рӯзе интиқоли газ ба кишварро қатъ созад, балки мо вазъъҳои фавқулодаро ба инобат гирифта, ҳамон вақт чунин дастгоҳҳо харида будем», – таъкид намуд ӯ.

Намояндаи ТАЛКО хотиррасон намуд, ки аввали сол муддати се рӯз ва моҳи апрел тақрибан давоми ду ҳафта Ӯзбекистон интиқоли газро қатъ карда буд. «Ин боис гардид, ки мо фаъолияти корхонаро бо гази синтезшуда роҳандозӣ намуда, дастгоҳҳоро насб ва мавриди истифода қарор диҳем», – гуфт Сатторов ва илова намуд, ки гузаштан ба истифодаи дастгоҳи нав сеяки хароҷоти сӯзишвории корхонаро кам мекунад.

Ба қавли Сатторов, феълан миқдори ниҳоят ночизи газ ба корхона интиқол дода шуда, бо анҷоми муҳлати амали қарордоди тарафҳо барои соли равон, он яқинан то 1-уми январ давом мекунад.

«Агар Ӯзбекистон аз 1-уми январ интиқоли газро қатъ созад, он ба як гунае ба каме бадтар шудани шароити фаъолияти корхона боис мегардад, аммо он ба ҷараёни истеҳсолот бетаъсир хоҳад буд. Ин  ҷо сухан сари он меравад, ки мо ба чанде аз иншоот интиқоли гармиро қатъ мекунем», – афзуд номбурда. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...