Болоравии эътимод ба бонкҳо дар Тоҷикистон

Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба аввали моҳи декабри соли 2012 4,6 млрд. сомонӣ (беш аз 964 млн. $)-ро ташкил дода, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 11,7% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 38,9% (қариб 1,8 млрд. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ […]

ASIA-Plus


Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ба аввали моҳи декабри соли 2012 4,6 млрд. сомонӣ (беш аз 964 млн. $)-ро ташкил дода, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 11,7% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 38,9% (қариб 1,8 млрд. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 61,1% (зиёдтар аз 2, 8 млрд. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

 Фоизи миёнавазни пасандозҳо тамоюли мунтазам поиншавиро давом дода, дар ин давра бо пули миллӣ ба 15,73 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 12,94 фоизи солона баробар шуданд. Бақияи умумии қарзҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳолати то 1 декабри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 фоиз афзуд. Аз он аз 2,0 млрд. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва бештар аз 3,1 млрд. сомонӣ бо асъори хориҷӣ рост меоянд. Дар маҷмуъ 69,8 фоиз (қариб 3, 6 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 30,2 фоиз (зиёдтар аз 1,5 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил намуданд.

Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкӣ дар ёздаҳ моҳи соли равон бо пули миллӣ ба 21,18 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 24,71 фоизи солона баробар шуданд.

Қарзҳои хурди додашуда дар ин давра низ бо суръати бештар рӯ ба афзоиш ниҳода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,3 фоиз зиёд гардиданд. Аз он ҷумла, маблағи 579,0 млн. сомонӣ ҳамчун қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 23,0 фоиз зиёд мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.