Сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба Тоҷикистон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон хабар доданд, вале сабабҳои мавқуф гузоштани сафарро шарҳ надоданд. Ёдрас мекунем, ки сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба ҷумҳурии мо бояд рӯзҳои 23-24 ҳамин моҳ […]

Виктория Наумова


Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон хабар доданд, вале сабабҳои мавқуф гузоштани сафарро шарҳ надоданд.




Ёдрас мекунем, ки сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба ҷумҳурии мо бояд рӯзҳои 23-24 ҳамин моҳ сурат мегирифт. Ширкати К.Масимов дар иятитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон пешбинӣ гардида буд.



Бино ба иттилои манбаъ, боздиди расмии сарвазири Қазоқистон аз Тоҷикистон рӯзҳои 5-6-уми ноябр доир хоҳад гашт. Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздиди корӣ сарвазири Қазоқистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмӣ мулоқот мекунад.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 206 млн. 535 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки воридоти мол аз Қазоқистон беш аз 200 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.