Ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристодани маҳбусони дар видео сабтшуда

Наздикони маҳбусони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, маҳбусонеро, ки осори захм аз лату кӯб ва шиканҷааашонро дар навори видеоӣ сабт карда буданд, ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристода шуда, мавриди кирдори бераҳмона қарор гирифтаанд. Яке аз наздикони маҳбус Фирӯз Хӯҷамқулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки маҳбусони дигари муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд дар гуфтугӯи телефонӣ ба ӯ […]

ASIA-Plus


Наздикони маҳбусони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, маҳбусонеро, ки осори захм аз лату кӯб ва шиканҷааашонро дар навори видеоӣ сабт карда буданд, ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристода шуда, мавриди кирдори бераҳмона қарор гирифтаанд.

Яке аз наздикони маҳбус Фирӯз Хӯҷамқулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки маҳбусони дигари муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд дар гуфтугӯи телефонӣ ба ӯ изҳор кардаанд, ки Фирӯз ва дигар ҳамроҳони ӯ дар ҳуҷраи ҷаримавӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Навори видеоии мазкур тавассути телефони ҳамроҳ сабт шуда, дар он 9 нафар маҳбусони моҳи ноябри соли гузашта аз Душанбе ба Хуҷанд интиқолшуда бонавбат дар бораи лату кӯб дар зиндон ҳикоят мекунанд ва осори захму ҷароҳатҳо аз онро нишон медиҳанд.

Хеши Фирӯз бар ин назар аст, ки онҳоро барои сабти видео ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристода, рӯзҳои наздик ӯ дар ин хусус ба Прокуратураи генералӣ шикоят хоҳад бурд.

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори муассисаи ислоҳии Я/С №3-и шаҳри Хуҷанд Диловар Арабов дар ин робита изҳор намуд, ки иттилои ба ҳуҷраи ҷаримавии зиндон фиристодани маҳбусони дар навори видео сабтшуда ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.

«Аз кадом манбаъ пайдо шудани ин маълумотро ман намефаҳмам. Онҳо тартиботи реҷаи дохилиро риоя мекунанд ва аз ин рӯ, барои ба ҳуҷраи ҷаримавӣ фиристодани онҳо ҳеҷ асосе нест. Вазъи онҳо хуб буда, дар минтақаи умумӣ қарор доранд», – гуфт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.