Ифтитоҳи намояндагии Тоҷикистон дар СҶТ

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома «Дар бораи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат» якдилона маъқул шуморида шуд. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода қайд кард, ки узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) бешубҳа ба осонии дастрасии маҳсулоти кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва беҳбуди […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома «Дар бораи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат» якдилона маъқул шуморида шуд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода қайд кард, ки узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) бешубҳа ба осонии дастрасии маҳсулоти кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Ба қавли ӯ, имрӯз 97%-и тиҷорати ҷаҳонӣ ба ҳиссаи кишварҳои узви СҶТ рост меояд. «Мувофиқи уҳдадориҳо дар доираи ин созмон, ҳаҷми боҷи гумрукӣ ба маҳсулоти воридшаванда ба кишвар бояд 8%-ро ташкил диҳад ва мувофиқи пешгӯии мутахассисон, имсол даромади буҷети Тоҷикистон аз расмиёти гумрукӣ шояд ба маблағи аз 9 то 11 млн. доллари ИМА коҳиш ёбад, вале мо боварӣ дорем, ки аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот ин мушкилот ҳал хоҳад шуд», – гуфт вай.

Дар идома вазир иброз дошт, ки Тоҷикистон бояд дар СҶТ намояндагии худро боз намояд, зеро ба ин васила ҳалли мушкилоти мавҷуда бо кишварҳои довталаби узвият ба ин созмон осонтар хоҳад шуд. «Масалан, феълан Афғонистон нияти узвият ба СҶТ-ро дошта, транзити автомобилҳои боркаши Покистон тариқи қаламраваш ба Тоҷикистонро иҷозат намедиҳад ва дар сурати ба узвияти СҶТ пазируфтани Афғонистон, ин мушкилот базудӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд», – қайд кард Ш.Раҳимзода.

Ш.Раҳимзода ҳамчунин таъкид кард, ки пас аз 30 рӯзи анҷоми расмиёти дохилии давлатӣ, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СҶТ гардида, ин воқеа тахминан аввалҳои моҳи апрели соли равон ба вуқӯъ мепайвандад.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми декабри соли 2012 дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии СҶТ дар Женева Тоҷикистон расман ба узвияти ин созмон пазируфта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.