Талаби ҳукми 27 соли зиндон ба гумонбари қатли хеши президент

Date:


Мурофиаи судии гумонбар ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафаров дар арафаи анҷомёбист. Парванда махфӣ унвон шуда, мурофиа пушти дарҳои пӯшида дар боздоштгоҳи тафтишотии Вазорати адлияи ҶТ ҷараён дорад.

Дар ҷаласаи навбатӣ рӯзи сешанбе, 15-уми январ, айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки гумонбаршуда Диловаршо Қосимов мутобиқи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда – куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва серзанӣ гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 27 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари Д.Қосимов хабар дод, зерҳимояи ӯ худро танҳо дар серзанӣ гунаҳкор эътироф намуда, бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ ӯ бояд дар ҳаҷми 1,5 ҳазор нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ шавад.

«Ман ба ақидаи айбдоркунандаи давлатӣ розӣ нестам, зеро дар парвандаи ҷиноӣ далелҳои аз ҷониби зерҳимояи ман ба қатл расонидани Холмӯъмин Сафаров мавҷуд нестанд ва тамоми айб бар асоси тахмину гумонҳо асос ёфтааст», – гуфт Қудратов.

Ҳимоятгар таъкид кард, ки баёноти зерҳимояаш зимни тафтишоти пешакӣ дар бораи иқрори гуноҳ зери фишор ва шиканҷа гирифта шудааст. «Пас аз ба ҳимоя пардохтани Қосимов аз ҷониби ман, ӯ аз баёноти пешина даст кашида, изҳор кард, ки онҳо зери фишори тафтишот гирифта шудаанд», – зикр кард ҳимоятгар.

Тибқи баъзе маълумот, назди суд ба ҷуз гумонбар ба қатл Диловаршо Қосимов, бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо низ барои огоҳ накардан дар бораи куштор ҷавоб мегӯянд. Барои онҳо прокурор мутаносибан 8 ва 3 соли ҳукми зиндонро дархост кард.

Мурофиаи додгоҳӣ оид ба

баррасии парвандаи мазкур

24-уми декабри соли гузашта оғоз гардида буд. Аз содир намудани ҳукми суд оид ба ин парванда рӯзи 18-уми январ интизорӣ меравад.

Доир ба шарҳи масъала ОИ «Азия-Плюс» ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуд, вале дар он ҷо то содир шудани ҳукми суд аз шарҳу тавзеҳ худдорӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...