Провайдерон дастури расмии Хадамоти алоқаро интизоранд

Роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев хабари супориши Хадамоти алоқа дар бораи қатъи дастрасӣ ба сомонаи шабакаи иҷтимоии Facebook ва бахши русии торнамои радиои «Озодӣ» – rus.ozodi.org – ро тасдиқ намуд. Ба қавли ӯ, чанде қабл ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет тавассути паёсак (СМС) ва ба таври шифоҳӣ дар ин хусус супориш расида, ширкатҳое, […]

Меҳрангез Турсунзода


Роҳбари Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон Асомуддин Атоев хабари супориши Хадамоти алоқа дар бораи қатъи дастрасӣ ба сомонаи шабакаи иҷтимоии Facebook ва бахши русии торнамои радиои «Озодӣ» – rus.ozodi.org – ро тасдиқ намуд.

Ба қавли ӯ, чанде қабл ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет тавассути паёсак (СМС) ва ба таври шифоҳӣ дар ин хусус супориш расида, ширкатҳое, ки узви Ассоситсия нестанд, дастрасӣ ба сомонаҳои зикршударо қатъ сохтаанд ва дар рӯйхат суроғаҳои сомонаҳое чун www.toptj.com в

а

www.topnews.tj


низ ҷой доранд.

«Ширкатҳои интернетрасони узви Ассотсиатсия супориши расмиро интизоранд, вале яқинан ин дафъа ҳам мақомоти раҳбарии Хадамоти алоқа чун ҳолатҳои пешин рафтор хоҳад кард, яъне аввал паёмак ва сипас дастури расмӣ», – зикр кард Атоев.

Номбурда изҳор кард, ки айни замон ширкатҳои «Интерком», «Вавилон Т», «Телеком Технолоджи» ва Иттиҳодияи Таррена узви Ассотсиатсия мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари хадамоти алоқа Бег Зуҳуров дар мусоҳиба бо радиои «Озодӣ» аз ҷониби хадамоти алоқа супориш додани қатъи дастрасӣ сомонаи шабакаи иҷтимоии Facebook ва бахши русии торнамои радиои «Озодӣ»-ро рад кардааст. «Ҳеҷ гуна дастур аз тарафи хадамот дар мавриди бастани ин ё он сомона содир нашудааст», – изҳор доштааст номбурда.

Ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз Хадамоти алоқа оид ба масъалаи мазкур шарҳу тавзҳеҳ дастрас намояд. Роҳбари хадамот Бег Зуҳуров муддати чанд моҳ аст, ки қариб доимо дар Кӯлоб қарор дошта, ҷараёни сохтмони Кохи варзишро назорат мекунад. Фармоишгари сохтмони иншооти мазкур департаменти «Тоҷиктелеком» дар вилояти Хатлон аст.

Мебояд гуфт, тайи соли ахир то ин муддат

бори сеюм

аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии писандидаи Facebook қатъ карда мешавад.

Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, айни замон шумори корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон 41 ҳазору 160 нафар ё худ 0,55% аз шумори умумии аҳолиии ҷумҳурӣ ва ё 5,87% аз шумори умумии корбарони Интернет дар кишварро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳфаҳои хадамоти матбуоти президенти ҶТ, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев амал мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.