Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ – ҳудуди 3,6 млрд. $

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 3 млрд. 595,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане»), ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои ҷумҳурӣ таҳия мегардад, иттилоъ дода мешавад. Гуфта мешавад, ин […]

Пайрав Чоршанбиев


Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 3 млрд. 595,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» («Мониторинг и раннего оповещения в Таджикистане»), ки ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои ҷумҳурӣ таҳия мегардад, иттилоъ дода мешавад.

Гуфта мешавад, ин ҳаҷм қариб 48%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли 2012-ро ташкил медиҳад, ки соли гузашта ба зиёда аз 36,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 7,6 млрд. $) баробар шуд. Моҳи декабри соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон каме бештар аз 302 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи ноябри соли 2011 ба андозаи 10,8% зиёдтар аст.

«Дар баробари афзоиши муҳоҷирати корӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ низ нисбат ба 10 соли гузашта бештар хоҳанд шуд», – зикр мегардад дар гузориш.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар беш аз 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 33 фоиз зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, бо такя ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2012 ҳудуди 878 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр карда, каме бештар аз 673 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бошад, айни замон дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Сардори Раёсати таҳқиқи мушкилоти бахши иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Фирӯз Саидов бар ин назар аст, ки сол то сол шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳоли афзоиш буда, дар ин робита, метавон тахмин зад, ки дар баробари он ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ низ афзуда хоҳанд шуд.

«Ғайр аз ин, тадриҷан раванди мутобиқшавии муҳоҷирони тоҷик ба ҳаёти ҷомеаву иқтисоди Русия ҷараён дошта, агар қаблан 70%-и шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия асосан ба кори ба истилоҳ «сиёҳ» машғул буданд, имрӯз шумори чунин коргарон миёни муҳоҷирони тоҷик на бештар аз 20%-ро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин ба афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ мусоидат мекунад», – гуфт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.