Аз ин ба баъд тамоми созишномаҳои сармоягузорӣ, ки миёни ҳукумати Тоҷикистон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба имзо мерасанд, бояд ҳатман аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар ба тасвиб бирасанд. Чунин шартҳо дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» дарҷ ёфта, он дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати ҶТ Давлаталӣ Саидов зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон изҳор намуд, ки бо назардошти аҳамияти созишномаҳои сармоягузорӣ барои Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ барои ба сармоягузорон пешниҳод намудани имтиёзҳо ҳуқуқ дорад.
«Ман мутмаинам, ки қабули қонуни мазкур дар самти гузариши иқтисодӣ миллӣ ба марҳилаи нави рушд иқдоми ҷиддие хоҳад буд», – гуфт вай.
Ба қавли ӯ, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ҳамчунин ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба бахши азхудкунии боигариҳои зеризаминии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
«Мувофиқи бандҳои қонуни нав, аз ин ба баъд барои азхудкунии боигариҳои зеризаминӣ чун имрӯз дигар иҷозатнома дода нашуда, балки созишшнома ба имзо мерасад, ки дар он ҳатман масоили ҳифзи муҳити зист, шароити кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ба инобат гирифта хоҳанд шуд», – афзуд номбурда.
Вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ лоиҳаи қонуни мазкурро якдилона маъқул шумориданд.


