Чанде қабл зимни мулоқоти сардори Хадамоти консулгарии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Садбарг Ғаниева бо президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Амин Маҷумер дар маркази бисёрсоҳавии мутобиқгардонии муҳоҷирон дар Маскав масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила дар бахши ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, федератсияи мазкур ба муҳоҷирон дар масъалаҳои расмиёти ҳуҷҷати будубош, таъмин бо ҷойи корӣ ва омӯзиши забони русӣ кӯмак расонида, хизматгузориҳои маркази зикршуда ҳамчунин ба корхонаву ширкатҳои корфармо низ дахл хоҳад дошт.
Зимни мулоқот Садбарг Ғаниева изҳор кард, ки бинобар сабаби будубоши ғайриқонунӣ, муҳоҷирон аксаран мавриди фиреби корфармоҳо қарор гирифта, баъзан онҳоро ба пулис месупоранд ё бидуни сабаб ва пардохти маблағ аз кор меронанд. «Дар ин ҳолатҳо сафорат ҷиҳати ҳалли масъала ба иншооти мазкур рафта, бо корфармоҳо гуфтушунид мекунад», – гуфт ӯ.
Дар навбати худ, Амин Маҷумер зикр кард, ки Федератсияи муҳоҷирони Русия як пойгоҳи электронӣ таъсис мекунад, ки дар бахши «Рӯйхати сиёҳ»-и он дар бораи корфармо-фиребгарон маълумот дарҷ хоҳад шуд.
Зимнан зикр гардид, ки миёни сафоратхонаҳои Тоҷикистону Русия ва Федератсияи мазкур ба хотири огаҳии муҳоҷирон ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба онҳо дар бораи истифодаи захираҳои муштараки иттилооотӣ тавофуқ ҳосил шудааст.


