ВКД: Амалиёти Хоруғ натиҷаи беамалии мақомоти интизомии минтақа буд

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба амалиёти махсуси Хоруғ изҳор намуд, ки он натиҷаи беамалиии мақомоти интизомии минтақа буд. Тибқи суханони ӯ, дар давоми солҳои зиёд мақомоти интизомӣ аз уҳдаи пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар минтақа баромада наметавонистанд, ки дар натиҷа дар Хоруғ гурӯҳҳои ҷиноятпеша амал карда, […]

Наргис Ҳамробоева


Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба амалиёти махсуси Хоруғ изҳор намуд, ки он натиҷаи беамалиии мақомоти интизомии минтақа буд.

Тибқи суханони ӯ, дар давоми солҳои зиёд мақомоти интизомӣ аз уҳдаи пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар минтақа баромада наметавонистанд, ки дар натиҷа дар Хоруғ гурӯҳҳои ҷиноятпеша амал карда, генерали хадамоти махсус Абдулло Назаров кушта шуд.

«Аз ин рӯ, ба роҳандозии амалиёти махсус маҷбур шудем ва дар ВМКБ танҳо тайи як сол 722 адад силоҳи оташфишон мусодира гардид, ки нишондиҳандаи хеле назаррас аст», – зикр кард Раҳимов.

Ӯ ҳамчунин изҳор кард, ки шахсан дар амалиёти махсус иштирок карда, муддати се моҳ дар Хоруғ қарор доштааст. «Дар ин муддат корҳои зиёде ба иҷро расида, барои камбудиҳо чанде аз кормандони мақомоти интизомӣ аз мансаб сабукдӯш ва баъзе ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Агар шумори ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар ВМКБ қаблан 240 нафар кормандон ва шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ 82 нафар кормандонро ташкил медод, айни замон ҳайати шахсии раёсати вилоятӣ ба андозаи 40% ихтисор шуда, аз ин ҳисоб шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ пурзӯртар карда шуд», – гуфт вазир.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин илова намуд, ки корҳои тақсимоти кадрҳо дар шӯъбаи шаҳри Хоруғ то ҳол идома доранд.

Бино ба маълумоти ВКД, соли гузашта дар Тоҷикистон 1 ҳазору 390 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 239 адад автомат, 466 адади яроқи суфтамил ва дигар аслиҳаву муҳимот мусодира шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.