Ҳ.Зарифӣ роҳбари намояндагии Комиссияи Аврупо ва сарвари шӯъбаи СММ ва масоили глобалии Вазорати умури хориҷии Олмонро ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ директори департаменти Созмони Милали Муттаҳид ва масоили глобалии Вазорати умури хориҷии Олмон Петер Виттигро ба ҳузур пазируфт. Аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносиботи ҳамкории дуҷониба ва масъалаи ҷалби сармоягузории Олмон ба […]

Роза Шапошник


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ директори департаменти Созмони Милали Муттаҳид ва масоили глобалии Вазорати умури хориҷии Олмон Петер Виттигро ба ҳузур пазируфт.




Аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносиботи ҳамкории дуҷониба ва масъалаи ҷалби сармоягузории Олмон ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини суботу амният дар Афғонистон табодули назар намуданд.



Худи ҳамин рӯз Ҳ.Зарифӣ бо роҳбари намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Норберт Жустен низ мулоқот кард. Н.Жустен ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаҳоро супурд. Ҳ.Зарифӣ Н.Жустенро ба муносибати таъин шуданаш ба ин мақом табрик гуфт. Дар мулоқот Ҳ.Зарифӣ ва Н.Жустен маҷмӯи васеи масоили муносиботи дуҷонибаи Комиссияи Аврупо ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.



П.Виттиг ва Н.Жустен дар кори к

онфронси дурӯза таҳти унвони «Идора намудани сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказ



ӣ», ки имрӯз дар Душанбе оғоз мегардад, иштирок мекунанд.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова