ВМКБ: Хисороти офатҳои табиӣ наздики 7 млн. сомонӣ

Зимни нишасти матбуотӣ раҳбари Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Дӯсталӣ Худоёров изҳор дошт, ки хисороти офатҳои табиии ВМКБ дар соли гузашта наздики 7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2011 се маротиба бештар аст. Ӯ қайд намуд, ки тӯли ин муддат дар натиҷаи сел ва тармафароӣ ду нафар сокинони ноҳияи Шуғнон […]

Шонаврӯз Афзалшоев


Зимни нишасти матбуотӣ раҳбари Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Дӯсталӣ Худоёров изҳор дошт, ки хисороти офатҳои табиии ВМКБ дар соли гузашта наздики 7 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2011 се маротиба бештар аст.

Ӯ қайд намуд, ки тӯли ин муддат дар натиҷаи сел ва тармафароӣ ду нафар сокинони ноҳияи Шуғнон ҳалок шуда, 11 манзили истиқоматӣ пурра ва 89 адади дигар қисман хароб шудаанд. «Ба бахши кишоварзӣ, энергетика ва роҳу алоқа хисороти бештар расид», – иброз дошт вай.

Ба қавли Худоёров, барои барқарор намудани манзилҳои истиқомати аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ва созмони байналмилалии башардӯстонаи «Глобал Партнерс» маблағ ва масолеҳи сохтмон ҷудо карда шудаанд. «Феълан аз шумори умумии хонаҳои харобгардида 6-тояшон пурра барқарор ва панҷ манзили боқимонда баҳори соли равон барқарор хоҳанд шуд», – афзуд номбурда. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.