Умедвории «Барқи тоҷик» ба бозбинии масъалаи пардохти қарзҳо ба Сангтӯда-1

Date:


Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар масъалаи бозбинии пардохти қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик» ба ҶСК «Сангтӯда-1» мувофиқа ҳосил намояд.

Зимни нишасти матбуотӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров изҳор намуд, ки моҳи феврали соли равон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардида, зимни он аз ҳал шудани мушкилоти зиёде, аз ҷумла масъалаи пардохти қарзи ширкат ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 низ интизорӣ меравад.

Ёров зикр намуд, ки ба санаи 1-уми январи соли равон қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳ 320,7 млн. сомониро ташкил медиҳад. «Қаблан мо роҷеъ ба бекор шудани қарз сухан мегуфтем, акнун ба Русия бозбинии тарзи пардохти онро пешниҳод намуда, умедворем, ки дар таҳияи ҷадвали нави пардохти қарзҳо ҳарду ҷониб ба мувофиқа мерасанд», – иброз дошт вай.

Раиси ширкат ҳамчунин зикр кард, ки мувофиқи қарордод тарофаҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳамасола ба андозаи 4% зиёд шуда, тарофаҳои ширкат барои истеъмолгарон бошанд, нисбатан пасттаранд ва ин яке аз сабабҳои аслии ҷамъ шудани қарз аст. «Барои 1 кВт/соат мо ба нерӯгоҳ 2,25 сент (11,8 дирам) пардохт мекунем ва ин дар ҳолест, ки таhофаи дохилии ширкат 8,6 дирам барои 1 кВтсоатро ташкил медиҳад», – гуфт номбурда.

Ба қавли Ёров, мушкилоти дигари ба ин андозаи бузург ҷмъ шудани қарз аз ҷониби истеъмолгарон пардохт нашудани маблағи истифодаи барқ ба ширкат аст, ки айни замон дар маҷмӯъ қариб 715 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Дар робита ба аз ҷониби нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» гунаҳкор кардани ширкат дар мавриди

муносибати якхела надоштан ба нерӯгоҳҳои кишвар

, Ёров зикр кард, ки «Барқи тоҷик» ба ҳамаи нерӯгоҳҳо муносибати ягона дорад.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...