Дар Душанбе Дафтари кории нави САҲА боз мегардад

Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Дафтари кории нави Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) боз мегардад. Тавре сарёвари корманди масъули робита бо ҷомеаи дафтари САҲА дар Душанбе Фирӯза Ғуломасейнова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бинои нав дар кӯчаи Аҳмади Дониш воқеъ буда, дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ […]

Виктория Наумова


Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Дафтари кории нави Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) боз мегардад.




Тавре сарёвари корманди масъули робита бо ҷомеаи дафтари САҲА дар Душанбе Фирӯза Ғуломасейнова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бинои нав дар кӯчаи Аҳмади Дониш воқеъ буда, дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ ва рӯзноманигорон ширкат хоҳанд варзид.



Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли равон дар мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Финландия Александер Стубб ҷонибҳо оид ба кушодани Дафтари САҲА дар Душанбе ба ивази Маркази САҲА ба мувофиқа расида буданд. Александер Стубб ҳамчунин изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон Коллеҷи сарҳадии САҲА низ ифтитоҳ хоҳад гардид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.