Моҳҳои наздик дар Тоҷикистон нархи орд тағийр намеёбад

Date:


Моҳҳои наздик нархи гандум ва орди гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ва ҳамчунин биринҷу орд аз Покистон ба Тоҷикистон ба таври назаррас тағйир намеёбанд.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки моҳҳои наздик нархи ин маҳсулот дар чунин сатҳи баланд боқӣ ё моҳҳои февралу март бо эътидол боло мераванд. «Мувофиқи созишномаи нави баимзорасида бо Русия шояд нархи сӯзишворӣ поин равад, ки ин омил низ метавонад ба нархи маҳсулоти зикршуда таъсиргузор бошад», – зикр мегардад дар гузориш.

Дар ин гузориш таъкид мегардад, ки моҳи декабри соли гузашта бинобар сабаби хароҷоти нақлиёти интиқол аз Қазоқистон, ки дар он ҷо низ хароҷоти нақлиёт баланд аст, нархи ин маҳсулот дар сатҳи баланд боқӣ монд.

Ёдрас мекунем, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо маҳсулоти ғалладонагӣ ва орди гандум Қазоқистон мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли равон нархи орди гандум дар Тоҷикистон ба андозаи 31% боло рафт. Моҳи гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи 10,3 млн. $ беш аз 24 ҳазор тонна орд ва ба маблағи 21,6 млн. $ ҳудуди 64 ҳазор тонна гандум ворид карда шуд.

Айни замон дар бозорҳои шаҳри Душанбе як халта орди гандуми 50-килограммаи истеҳсоли Қазоқистон бо нархи 160 сомонӣ (33 $) ба фурӯш гузошта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...