Суди олии Тоҷикистон Диловаршо Қосимовро ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафрови 57-сола гунаҳкор дониста, ба 26 соли зиндон маҳкум намуд.
Бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо низ барои огоҳ накардан дар бораи куштор мутаносибан 8 ва 3 соли зиндон маҳкум шуданд.
Мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли Холмӯъмин Сафаров, ки ба он муҳри махфӣ дода шуд, аз 24 декабри соли гузашта пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ оғоз гардида буд.
Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки гумонбаршуда Диловаршо Қосимов мутобиқи тамоми моддаҳои пешниҳодшуда – куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва серзанӣ гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 27 соли зиндон маҳкум карда шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари Д.Қосимов хабар дод, зерҳимояи ӯ худро танҳо дар серзанӣ гунаҳкор эътироф намуда, бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ ӯ бояд дар ҳаҷми 1,5 ҳазор нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ шавад.
«Ман ба ақидаи айбдоркунандаи давлатӣ розӣ нестам, зеро дар парвандаи ҷиноӣ далелҳои аз ҷониби зерҳимояи ман ба қатл расонидани Холмӯъмин Сафаров мавҷуд нестанд ва тамоми айб бар асоси тахмину гумонҳо асос ёфтааст», – гуфт Қудратов.
Ҳимоятгар таъкид кард, ки баёноти зерҳимояаш зимни тафтишоти пешакӣ дар бораи иқрори гуноҳ зери фишор ва шиканҷа гирифта шудааст. «Пас аз ба ҳимоя пардохтани Қосимов аз ҷониби ман, ӯ аз баёноти пешина даст кашида, изҳор кард, ки онҳо зери фишори тафтишот гирифта шудаанд», – зикр кард ҳимоятгар.
Ба гуфтаи ҳимоятгар, ояндаи наздик ӯ аз болои ин ҳалномаи суд ба зинаи болоӣ шикоят хоҳад бурд.
Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.


