Эҳтимоли маблағгузории аҳзоби парлумонӣ аз ҳисоби буҷет

Date:


Се ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки дар палатаи поёнии парлумон намоянда доранд, лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёси»-ро таҳия намудаанд, ки мувофиқи он, пешниҳод мегардад, ки аҳзоби сиёсии дорои намоянда дар парлумон дар сурати соҳиб шудан ба беш аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагон дар маъракаи интихоботи президент аз ҳуқуқи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет бархӯрдор шаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков хабар дод, мувофиқи тағйирот, аҳзоби сиёсие, ки дар маъракаи интихоботи президент ва парлумон садди 5 фоизаи овозҳоро убур мекунанд, бояд ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатии кишвар ҳуқуқ пайдо намоянд.

«Мо пешниҳод кардем, ки ба аҳзоби парлумонӣ ва дигар аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар маъракаи интихоботи президент ба зиёда аз 5 фоизи овозҳои интихобкунандагон соҳиб мешаванд, барои ҳар як овоз аз буҷети давлатӣ 5 сомонӣ маблағ ҷудо карда шавад», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, аз ин ташаббуси намояндагони Ҳизби коммунист дар парлумон намояндагони Ҳизби агарарии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ пуштибонӣ намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар палатаи поёнии парлумони кишвар Ҳизби аграрӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳар кадоме ду намоянда дорад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 45 нафар намоянда дошта, 10 курсии парлумониро вакилони ғайриҳизбӣ ишғол мекунанд.   

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related