Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Ҷумҳурии Сербия қадрдонӣ шуд


Бо фармони президенти Сербия Томислав Николич президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «барои саҳми босазо дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои осоишта ва муносибатҳои дӯстона» миёни кишварҳо бо ордени дараҷаи дуюми Ҷумҳурии Сербия сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии президенти Сербия дар шабакаи Facebook иттилоъ дода мешавад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин тибқи фармонҳои сарвари давлати Сербия тамоми президентҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ (ба ҷуз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо – Латвия, Литва ва Эстония) – сарони кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон низ бо ордени дараҷаи дуюми Ҷумҳурии Сербия мукофотонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки президенти Русия бо ордени дараҷаи якуми Ҷумҳурии Сербия сарфароз гардонида шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное