Дар Дубай (АМА) масъалаи истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов иттилоъ дод, онҳо ба баррасии кушоди масъалаи истирдоди зерҳимояашон ба Тоҷикистон муваффақ шудаанд.
«Феълан суди Аморати Муттаҳидаи Араб ба баррасии масъалаи истирдоди Қувватов маҷбур аст, ки бо назардошти созишномаи ҷонибҳо дар масъалаи истирдод, мақомоти махсуси Тоҷикистон инро намехостанд», – қайд кард ҳимоятгар.
Ба қавли вай, онҳо дар даст далелҳое доштаанд, ки хиёнат ба давлат аз ҷониби мансабдорони воломақоми Тоҷикистонро собит месозанд. «Дар сурати истирдоди Қувватов, онҳо ба ҳама гуна талаботи ҷониби кишвари арабӣ розӣ буданд», – муътақид аст Николаев, аммо аз ифшои далелҳои мушаххаси зикршуда худдорӣ варзида, иброз намуд, ки онҳо дар мурофиаи кушоди судӣ садо хоҳанд дод.
Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов
дархост ирсол кардааст.
«Нисбати Умаралӣ Қувватов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», – гуфта буд ӯ дар ин робита ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ варзид.
Ҳамчунин ахири моҳи январ зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки ба наздикӣ масъалаи истирдоди пешвои ҳаракати мухолифи ҳукумати «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон
ҳаллу фасл мешавад.
Қобили зикр аст, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.
Тибқи маълумоти гуногун, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.



