Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як ҷинояте ошкор гардид, ки қаблан ҳамчун ҳодисаи нохуш арзёбӣ гардида буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни як амалиёти фаврӣ сокини 35-солаи шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод Шуҳрат Шоимов боздошт шудааст, ки маҳз ҳамин шахс дар содир гардидани ҷиноят гумонбар дониста мешавад.
Ёдрас мекунем, ки шоми 20-уми феврали соли равон дар роҳи мошингарди миёни деҳаҳои Бахт ва Қипчоқи ноҳияи мазкур автомашинаи тамғаи «Дамас» оташ гирифта, аз дохили он ҷасади соҳиби мошин, сокини 42-солаи шаҳраки Зафаробод Баҳодур Эшонқулов дарёфт гардид. Зимни баргузории ташхиси судиву тиббӣ муайян карда шудааст, ки Эшонқулов аввал ба қатл расонида шуда, сипас дар дохили автомашина сӯзонида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванд Шоимови дар боло зикршуда боздошт ва аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли 2012 дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 38 ҳодисаи одамкушӣ (соли 2011 – 41 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.



