Нотаи эътирози сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия

Дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев амали ҳукуматдорони рус дар робита ба боздошти 150 нафар мусофири тоҷик дар шаҳри Ростови лаби Донро «таҳқиромез» унвон кард. Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 28-уми феврал Вазорати тандурустии вилояти Русия перомуни таъҷилан ба майдони ҳавоии шаҳри Ростови Лаби Дон фуруд омадани ҳавопаймо аз Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Дар мусоҳиба ба

радиои «Озодӣ»

сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев амали ҳукуматдорони рус дар робита ба боздошти 150 нафар мусофири тоҷик дар шаҳри Ростови лаби Донро «таҳқиромез» унвон кард.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 28-уми феврал Вазорати тандурустии вилояти Русия перомуни таъҷилан ба майдони ҳавоии шаҳри Ростови Лаби Дон фуруд омадани ҳавопаймо аз Тоҷикистон бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии яке аз мусофирон изҳорот пахш намуд.

Дар изҳорот гуфта мешуд, ки як корманди тиббии фурудгоҳ ба бемории вабо (холера) гирифтор будани як мусофирро гумонбар шуда, дар ин робита 150 нафар мусофирони ҳавопаймо аз Хуҷанд муддати 1 шабонарӯз боздошт ва аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.

Рӯзи дигар иттилоъ дода шуд, ки ин беморӣ тасдиқ нагардида, дар се нафар мусофирони ҳавопаймо бемории дарунравӣ (дизентерия) ошкор шудааст. «Ҳамаи мусофирон ба макони таъинот – шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург расонида мешаванд», – изҳор гардида буд дар сомонаи Вазорати тандурустии вилоят.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар ин робита изҳор намудааст, ки халабонон ҳанӯз зимни павоз ба хадамоти заминӣ хабар додаанд, ки ду нафар мусофирон тез-тез аз ҳоҷатхона истифода мекунанд ва ин боиси ташвиш аст. «Магар бо ин асос метавон эътибору мартабаи 150 нафар мусофирро зери шубҳа гузошт? Мо талаб хоҳем намуд, ки сохтори масъул ба ин амал ҳатман хисороти маънавӣ ба мусофиронро ҷуброн намоянд», – таъкид доштааст дипломати тоҷик.

Достиев итминон додааст, ки ба кормандони сафоратхона ҷиҳати омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ супориш дода, нотаи эътирозӣ имрӯз ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ирсол хоҳад шуд. «Ман нотаро ба ВКХ Русия мефиристам ва бигзор онҳо гунаҳкоронро пайдо намуда, ин масъаларо бо Прокуратураи генералӣ ва Вазорати нақлиёт баррасӣ ва ба мо посух диҳанд. Агар мусофирон ба суд муроҷиат карданӣ бошанд, мо онҳоро дастгирӣ мекунем. Мо бо мусофирон дар тамос ҳастем», – иброз доштааст сафир.

Ба андешаи сафир, тибқи мушоҳидаҳои шахсии ӯ, «нисбат ба шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон чунин муносибат ҷой дорад. Нерӯҳои муайяне мавҷуданд, ки ба бад шудани муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русия манфиатдоранд ва ҳадафи онҳо дар ҳоли тарсу ҳарос нигоҳ доштани кишварҳои начандон бузург аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.