Шабдолов: Интихобот дар Восеъ имтиҳон барои аҳзоби сиёсӣ аст

Ба эътиқоди вакили парлумон раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов, маъракаи интихоботи ба рӯзи 5-уми май таъиншудаи вакили МН МО ҶТ ба ҷойи вакили хориҷшуда Рустам Латифов аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №39-и Восеъ як навъ имтиҳонест барои сохторҳои давлатӣ ва аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ дар пешорӯи маъракаи интихоботи президентӣ дар тирамоҳи соли равон. «Аз рӯи натоиҷи интихобот дар […]

Аваз Юлдошев


Ба эътиқоди вакили парлумон раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов, маъракаи интихоботи ба рӯзи 5-уми май таъиншудаи вакили МН МО ҶТ ба ҷойи вакили хориҷшуда Рустам Латифов аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №39-и Восеъ як навъ имтиҳонест барои сохторҳои давлатӣ ва аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ дар пешорӯи маъракаи интихоботи президентӣ дар тирамоҳи соли равон.

«Аз рӯи натоиҷи интихобот дар Восеъ метавон пешакӣ ба хулосаҳое расид, ки оё ҳукуматдорон шаффофият ва ба таври демократӣ гузаштани интихоботи сарвари давлатро таъмин карда метавонанд ё на», – андеша меронад Шабдолов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳори шубҳа намуд, ки то ба қонунгузории интихобот ворид нашудани тағйирот, ки мувофиқи он намояндагони аҳзоби сиёсӣ бояд ба узви комиссияҳои минтақавӣ шудан ҳуқуқ пайдо кунанд, дар бораи шаффофияти интихобот сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.

«Лекин як чиз мусаллам аст – маъракаи интихоботи вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №39-и Восеъ як маҳаке хоҳад буд барои интихоботи президентӣ дар кишвар», – мутмаин аст раиси ҲКТ.

Ба гуфтаи вай, Ҳизби коммунист ба маъракаи интихоботи мазкур номзади худро пешниҳод карданист ва изҳори боварӣ намуд, ки дар соли интихоботи президентӣ қариб тамоми аҳзоби сиёсӣ аз имкони қувваозмоӣ дар Восеъ истифода хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки санаи 18-уми феврал бо фармони сарвари давлат, намояндаи Ҳизби агарарии Тоҷикистон дар МН МО ҶТ Рустам Латифов раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъин карда шуд ва мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифов баъди ин таъинот ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супурд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.