Созишномаи нафтӣ бо Русия моҳи март ҳам мавриди амал қарор намегирад

Расмиёти дохилидавлатии мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ шояд ахири моҳи март низ ба итмом нарасад. Бино ба маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ, ҷараёни мувофиқасозии муқаррароти созишномаи мазкур миёни ҷонибҳо ҳамагӣ ду ҳафта қабл оғоз гардида, ҳарчанд бахши иқтисодии ҳукумат дарҳол […]

Заррина Эргашева


Расмиёти дохилидавлатии мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ шояд ахири моҳи март низ ба итмом нарасад.

Бино ба маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ, ҷараёни мувофиқасозии муқаррароти созишномаи мазкур миёни ҷонибҳо ҳамагӣ ду ҳафта қабл оғоз гардида, ҳарчанд бахши иқтисодии ҳукумат дарҳол онро мусбат арзёбӣ намуда бошад ҳам, то имрӯз на ҳамаи вазорату идораҳо хулосаҳои худро пешниҳод кардаанд.

«Бо дастрасии хулосаҳои тамоми вазорату идораҳои дахлдор, қарори ҳукумат таҳия гардида, он дар парлумон тасдиқ мешавад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашмаи хабар, Русия низ то ҳанӯз расмиёти дохилидавлатиро дар ин маврид ба итмом нарасонида, ҳамтоҳои русиягӣ изҳор доштаанд, ки нахуст бояд Тоҷикистон ин расмиётро анҷом дода, сипас аз Русия онро талаб намояд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, то ҳанӯз замони мушаххаси оғози воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ маълум нест.

Қобили зикр аст, ки тайи 6-8 моҳи ахир ҳаҷми воридоти бензин ба Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфт. Қаблан хабар дода шуд, ки тамоми муддати моҳи феврал ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан ягон литр бензин ворид нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳолати мавҷуд набудани воридоти маҳсулот ҳам, бозори сӯзишвории ҷумҳурӣ устувор боқӣ монда, болоравии нарх ба назар намерасад. Шояд ин ба он вобаста бошад, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ боқимондаҳои моҳҳои гузашта фурӯхта мешаванд, аммо фарзияи марбут ба фурӯши сӯзишвории тариқи қочоқ воридшуда ҳам, ки миқёси онро касе намедонад, низ аз эҳтимол дур нест.

Тибқи маълумоти вазорату идораҳои дахлдор, талаботи шабонарӯзии ҷумҳурӣ ба бензин аз 1 ҳазору 300 тонна то 1 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад. Талаботи моҳонаи Тоҷикистон ба бензин ба ҳисоби миёна ҳудуди 45-49 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, моҳи январ ба Тоҷикистон ҳамагӣ 9 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.