Ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии Тоҷикистон ҳукм нисбати Диловаршо Қосимов, гунаҳкор ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-соларо бетағйир боқӣ гузошт. Ҳамин тариқ, маҳкумшуда муддати 26 сол дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо мекунад.
Баррасии шикояти кассатсионии маҳкумшуда ва ҳимоятгари ӯ имрӯз баргузор шуд. Шуҳрат Қудратов, ҳимоятгари маҳкумшуда қарори зинаи кассатсиониро ба таври зайл шарҳ дод: «Суд бори навбатӣ мустақил набудани худро нишон дода, тамоми камбудиҳои дар парванда ҷойдошта ва аз ҷониби ман борҳо зикршударо нодида гирифт».
Рӯзи 18-уми январи соли равон Суди олии Тоҷикистон Диловаршо Қосимовро ба қатли хеши президент, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафрови 57-сола гунаҳкор дониста,
ба 26 соли зиндон маҳкум намуд.
Бародарон Маҳмадтоҳир ва Маҳмадфозил Ҳакимовҳо низ барои огоҳ накардан дар бораи куштор мутаносибан ба 8 ва 3 соли зиндон маҳкум шуданд.
Мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли Холмӯъмин Сафаров, ки ба он муҳри махфӣ дода шуд, аз 24 декабри соли гузашта пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ оғоз гардида буд.
Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли гузашта каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.


