Баррасии масоили таъмини амнияти ОМ дар Бишкек

Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек таҳти унвони «СААД ва масоили таъмини амният дар Осиёи Марказӣ» мизи гирд ба кор шурӯъ мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), чорабинии мазкур аз ҷониби Котиботи СААД, Вазорати умури хориҷӣ ва Шӯрои мудофиаи Қирғизистон созмон дода мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар кори мизи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек таҳти унвони «СААД ва масоили таъмини амният дар Осиёи Марказӣ» мизи гирд ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), чорабинии мазкур аз ҷониби Котиботи СААД, Вазорати умури хориҷӣ ва Шӯрои мудофиаи Қирғизистон созмон дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар кори мизи гирд сиёсатшиносону коршиносони Қирғизистон ва дигар кишварҳои узви СААД ва ҳамчунин роҳбарони сохторҳои иттилоотиву таҳлилии шомил ба Ассотсиатсияи таҳлилии СААД ширкат меварзанд. Ҳамзамон дар ин чорабинӣ дабири кулли СААД Николай Бордюжа иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

«Котиботи СААД оид ба баргузор намудани як силсила ба ин монанд чорабиниҳо дар соли 2013 кӯшиш ба харҷ дода, ин нахустин мизи гирд аз ҷумлаи онҳост», – баён мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти СААД.

Гуфта мешавад, ҳадафи аслии баргузории чорабинӣ таҳлил ва арзёбии вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мушаххас кардани таҳдидҳо дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалии низомӣ аз Афғонистон ва баррасии тавсияҳо оид ба чораҳои амалии имконпазири пешгирӣ ва вокуниш ба онҳо аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.