Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим хабар дод, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон Ҷамъияти миллии кӯҳии геологӣ таъсис дода мешавад. «Оинномаи он аллакай таҳия гардидааст», – гуфт ӯ.
Ба қавли А.Иброҳим, таъсиси ҷамъият яке аз талаботҳои Конгресси байнулмилалии геологҳо мебошад, ки созмонҳои геологии 120 кишвари дунёро муттаҳид месозад. «Таъсиси чунин ҷамъият ҳамгиройии соҳаи геологияи тоҷик бо созмонҳои геологии ҷаҳонро осонтар менамояд», – гуфт А.Иброҳим.
Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи 33-уми конгресси мазкур Тоҷикистон ба узвияти ин ташкилот ва Созмони байнулмилалии геологӣ (
IUGS
) пазируфта шуд.


