Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо як ҳайати кишвари ҳамсояи Афғонистон таҳти сарварии вазири молияи ин кишвар Ҳазрат Умар Заҳилвол имконоти густариши ҳамкориҳои шариконаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар вохӯрӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту мухобирот, энергетика ва як қатор соҳаҳои дигар самтҳои афзалиятноки […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо як ҳайати кишвари ҳамсояи Афғонистон таҳти сарварии вазири молияи ин кишвар Ҳазрат Умар Заҳилвол имконоти густариши ҳамкориҳои шариконаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар вохӯрӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту мухобирот, энергетика ва як қатор соҳаҳои дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба уновн гардида, ба масъалаи маблағгузории лоиҳаи CASA-1000 ва имзои созишномаи сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҳайати кишвари ҳамсоя ҳамчунин бо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ низ мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, дар соҳаи энергетика ва инчунин масъалаҳои вобаста ба татбиқи Лоиҳаи САSА-1000, лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ХИБ-500 кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва ХИБ-500 кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон, хатҳои газгузари байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.