Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти президенти Бангладеш Зилпур Раҳмон ба ҳукумат ва мардуми ин кишвар тасаллият изҳор намуд.
Зимни изҳори тасаллият дар ҷараёни ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё дар Душанбе, сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки Бангладеш узви фаъолияи ин Муколамаи минтақавӣ маҳсуб меёбад.
Ёдрас мекунем, ки президенти нуздаҳуми Банладеш Зилпур Раҳмон 20-уми марти соли равон дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ моҳи феврали соли 2009 мансаби президентиро ишғол намуда, дар Бангладеш ин мансаб бештар хусусияти протоколӣ дорад.


