Эҳтимоли болоравии нархи орд дар Тоҷикистон

То ҷамъоварии ҳосили гандуми тирамоҳӣ дар Тоҷикистону Қазоқистон, эҳтимоли қавии болоравии нархи орду гандум дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, алҳол тамоили поинравии нарх ба ин маҳсулот дар назар набуда, бо назардошти захираҳои мавҷуда шояд нарх устувор боқӣ монад ё бо назардошти болоравии нарх дар Қазоқистон қимати онҳо […]

Заррина Эргашева


То ҷамъоварии ҳосили гандуми тирамоҳӣ дар Тоҷикистону Қазоқистон, эҳтимоли қавии болоравии нархи орду гандум дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, алҳол тамоили поинравии нарх ба ин маҳсулот дар назар набуда, бо назардошти захираҳои мавҷуда шояд нарх устувор боқӣ монад ё бо назардошти болоравии нарх дар Қазоқистон қимати онҳо андак афзоиш ёбад, чунки ба иллати хушксолӣ соли гузашта дар Қазоқистон аз нақшаи пешбинишуда камтар ҳосил ба даст оварда шудааст.

Аввали моҳи апрел дар бозорҳои пойтахт арзиши як халта орди воридотӣ (50 кг) 150 сомонӣ (30,1 $) ва як халта орди истеҳсоли маҳаллӣ 147 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо давраи аввали моҳи март 1,2% зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки тӯли 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гандум ва орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфт.

Давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон 107 ҳазору 483,5 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,4 ҳазор тонна камтар аст. Ҳаҷми воридоти орд дар ин давра ба 42,1 ҳазор тонна баробар шуда, дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2012 ба миқдори 59,2 ҳазор тонна камтар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.