Ҳукм нисбати собиқ корманди ШВКД Ёвон барои шиканҷа бекор шуд

Ҳукм нисбати собиқ нозири минтақавии милисаи Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки тирамоҳи соли гузшта барои истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ маҳкум шуда буд, бекор гардида, парвандаи ҷиноятӣ барои тафтишоти иловагӣ ба Прокуратураи генералии ҶТ фиристода шуд. Ҳафтаи гузашта пас аз пешниҳоди эътироз ба ҳукм аз ҷониби […]

Наргис Ҳамробоева



Ҳукм нисбати собиқ нозири минтақавии милисаи Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки тирамоҳи соли гузшта барои истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ маҳкум шуда буд, бекор гардида, парвандаи ҷиноятӣ барои тафтишоти иловагӣ ба Прокуратураи генералии ҶТ фиристода шуд.

Ҳафтаи гузашта пас аз пешниҳоди эътироз ба ҳукм аз ҷониби раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев ҳайати мушовараи суди вилояти Хатлон чунин ҳукм содир намуд. Дар вақти баргузории тафтишоти иловагӣ Алиев дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов хабар дод, ба сифати асос барои бекор шудани ҳукм дар парвандаи ҷиноятӣ ҳузур доштани кормандони дигари ҳамин шуъбаи милиса зикр шудааст, ки эҳтимолан аз шиканҷа истифода бурда, ҷабрдида нишондоди дахлдор додааст, вале тафтишот ин шахсро муайян накардааст.

Ба гуфтаи муовини прокурори генералии ҶТ Абдуқодир Муҳаммадиев, то кадом андоза асоснок будани ҳукм аз рӯйи парвандаи ҷиноятии мазкур мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар давоми як ҳафта оид ба эътироз овардан ба қарори суд ё маъқул донистани он тасмим гирифта хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бори нахуст тибқи моддаи «Шиканҷа» собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ба истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ муттаҳам дониста шуда, ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид. Ғайр аз ин, ба ӯ ҷазои иловагӣ дар шакли манъи ишғоли вазифа дар мақомоти милиса ба муддати 5 сол низ муқаррар шудааст.

Ғайр аз ин, суд даъвои шаҳрвандӣ ба ин парвандаи ҷиноӣ оид ба ҷуброни молӣ барои табаобати ҷабрдида дар ҳаҷми 1 ҳазору 619 сомониро низ қонеъ намуд. Маблағи мазкур аз ҷониби Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон ва судшаванда М.Алиев ҷуброн хоҳад гардид.

Падари ҷабрдида мегӯяд, рӯзи 29-уми апрели соли 2012 пас аз ҷустуҷӯи зиёд писараш дар чердаки яке аз бомҳои деҳаи Қулободи ноҳияи Ёвон ба дор овехта дарёфт шуд. Наврас дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуда, муддати ду ҳафта онҷо табобат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки ҷабрдида пас аз бозпурсӣ ва мавриди шиканҷаву лату кӯб қарор гирифтан аз ҷониби нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, аз ноумедиву тарсу ҳарос ба ин кор даст зада буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.