Бонки рушди Осиё тайи чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон ба маблағи $240 млн. кӯмаки ройгон ҷудо мекунад

Хуҷанд. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор дошт, ки бонк тайи чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон ба маблағи $240 млн. кӯмаки ройгон ҷудо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2009 то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола ба маблағи 60-70 […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор дошт, ки бонк тайи чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон ба маблағи $240 млн. кӯмаки ройгон ҷудо мекунад.




Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2009 то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола ба маблағи 60-70 млн. доллари амрикоӣ бурс ҷудо карда мешавад. «Раҳбарияти бонк истифодаи ин бурсҳоро дар рушди соҳаи энергетика, нақлиёт ва бахши кишоварзии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад мешуморад», – гуфт М.Оҷиро.



Номбурда афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон тибқи сармоягузории бонк 14 лоиҳа амалӣ мегардад, ки 7-тои он ба маблағи 109,7 млн. доллари амрикоӣ дар вилояти Суғд татбиқ мешавад.



То ахири соли 2007 Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 372,5 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 33 млн. ба сифати кӯмаки техникӣ ва 39,5 млн. доллари амрикоӣ ба сифати бурсҳо маблағ ихтисос додааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.