Имрӯз дар шаҳри Брюссел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) боздид мекунад.
Дар иттилоияи сомонаи расмии созмон зикр мегардад, ки президенти Тоҷикистон бо Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен гуфтушунид хоҳад кард.
Интизорӣ меравад, ки пас аз мулоқот Э.Раҳмон ва Расмуссен ба саволҳои рӯзноманигорон посух хоҳанд гуфт.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз дирӯз сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар давлати Шоҳигарии Белгия қарор дорад.



