Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории семинари минтақавӣ намояндагони хадамоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили фаъолияти низоми таҳлил ва идораи хавфҳо чун омили кафолати ҷомеа аз интиқоли ғайриқонунии мол тавассути сарҳадро баррасӣ карданд. Дар семинар инчунин ба масъалаи рушди тиҷорати минтақавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир шуд.
Дар кори семинар намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзиданд.
Иштирокдорони семинар атрофи масоили нақши низоми идораи хавфҳо дар кори беҳсозии фазои тиҷорату иқтисод, бартараф сохтани монеъаҳои сунъии маъмурӣ дар роҳандозии тиҷорати минтақавӣ ва таъмини амнияти иқтисодии кишварҳои минтақа ибрози назар намуданд.





