Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо президенти Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) Вилҳелм Молтерер дар Брюссел сарвари бонки мазкур изҳор намуд, ки БСА тасмим дорад, минбаъд доираи фаъолияти худро дар Тоҷикистон васеъ намуда, дар баробари энергетика бахшҳои инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, кишоварзию амнияти озуқаворӣ ва соҳаҳои иҷтимоиро фаро бигирад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот масоили густариши ояндаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки Тоҷикистон нахустин шарики БСА дар Осиёи Марказӣ аст ва ҳоло бо харҷи 21 млн. евро сармоягузории қарзӣ ва грантии ин бонк лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» татбиқ мегардад.
Дар ҳошияи ин мулоқот миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо санади нави ҳамкорӣ – Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба ин санад аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер имзо гузоштанд.



